Пофишории Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бар афзоиши нархи Интернет
Дар ҳоле, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи гузашта дастури Хадамоти давлатии зиддиинҳисории ин кишварро дар бораи афзоиши нархи Интернет дар ин ҷумҳурӣ, ғайриқонунӣ эълом карда буд, Хадамоти давлатии зиддиинҳисорӣ бар иҷроӣ шудани ин дастур пофишорӣ мекунад.
Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон бо радди иддаои Вазорати адлия эълом кардааст, ки муваззаф нест дастури афзоиши қиммати Интернетро дар Вазорати адлияи ин кишвар сабт кунад.
Қаблан Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом карда буд, ки бар асоси банди 89-и Қонуни асноди ҳуқуқии ин кишвар бояд тамоми дастурҳо қабл аз иҷроӣ шудан ба ин ниҳод ирсол, сабт ва мутобиқати онҳо бо қавонини ҳуқуқии ин кишвар баррасӣ шавад.
Чанде пеш Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон эълом карда буд, нархи Интернет дар ин ҷумҳурӣ аз 27 март бидуни молиёт бар арзиши афзуда ба 50 сомонӣ афзоиш меёбад.
Акнун як манбаъ дар Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтааст, ки аз рӯзи 27 март бояд дастури афзоиши нархи Интернет иҷроӣ шавад ва ширкатҳои фароҳамгари хадамот муваззаф ба иҷрои ин фармон ҳастанд.
То лаҳзаи интишори ин хабар ҳанӯз ҷаласаи муштараки Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон ва масъулони ширкатҳои хадамоти интернетӣ барои иҷроӣ кардани ин дастур баргузор нашуда ва ба таъвиқ афтодааст.
Эъломи афзоиши нархи истифода аз Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле буд, ки ин кишвар дар оғози имсол дар раддабандии ҷаҳонии суръати Интернети телефони ҳамроҳ, охирин кишвари ҷаҳон буд ва мақоми 137-умро ба худ ихтисос дод.
Ин тасмим бо вокуниши шадиди корбарони Интернет дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуда ва ба назар мерасад ҳамин мавзӯъ Вазорати адлияи ин кишварро водор ба мавзеъгирӣ дар ин маврид кардааст.