Март 28, 2019 09:31 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Тоҷикистон барои интиқоли барқ ба Чин

Тоҷикистон бо сохти хати 500 киловолтии ҷадид қасд дорад ба Чин барқ содир кунад.

Ба гузориши сомонаи "Азия плюс", мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳамзамон бо содироти барқ ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон мавзӯи интиқоли барқ ба Чинро низ дар дастури кор доранд.

Барои ин манзур сохти хати 500 киловолтии ҷадид аз маҳалли эҳдоси нерӯгоҳи обии Роғун то вилояти Синкиёнги Уйғур, дар ғарби Чин ба тӯли 550 километр барномарезӣ шудааст.

Дар соли 2018 Тоҷикистон ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон беш аз 2 миллиарду 400 миллион киловатт соат барқ содир кард, ки арзиши молии он 77 миллион доллар эълом шудааст.

Гуфта мешавад, қимати ҳар як киловатт соат барқи содиротии Тоҷикистон ба Узбакистон 2 сент, Қирғизистон 3 сент ва Афғонистон беш аз 4 сент мебошад.

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дар ҳоле аз омода шудан барои содироти барқ ба Чин хабар медиҳанд, ки ба ғайр аз шаҳри Душанбе ва вилояти Бадахшон, акнун дар аксари манотиқи ин кишвар танҳо дар сооте муайян аз шабонарӯз, ба хонаҳои мардум барқ мунтақил мешавад.

Сокинони вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои марказии Тоҷикистон мегӯянд, шабҳо аз соати 11 то 6 субҳ ва рӯзҳо аз 9 субҳ то 17 аср интиқоли барқ ба хонаҳои онон қатъ мешавад.

Аз сӯйи дигар, ахиран расонаҳо аз таваққуфи фаъолияти турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии Роғун хабар додаанд, ки мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик мегӯянд, ин иқдом сирфан фаннӣ будааст ва ба омодагӣ ба баҳрабардорӣ аз турбинаи дувуми ин нерӯгоҳ дар моҳи апрели соли ҷорӣ иртибот дорад. Аммо манобеи мустақил гуфтаанд, ки ин турбина, ки дар моҳи ноябри сол 2018 ба баҳрабардорӣ расид, дучори нақси фаннӣ шуда ва бояд ин мушкил рафъ шавад.

 

 

Барчасп