Чиниҳо муҷаввизи истихроҷи ду кони тилои дигарро дар Тоҷикистон гирифтанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i42768-Чиниҳо_муҷаввизи_истихроҷи_ду_кони_тилои_дигарро_дар_Тоҷикистон_гирифтанд
Ширкати чинии ТВЕА имсол истихроҷи тило аз ду кони вогузоршуда ба ин ширкат дар шимоли Тоҷикистонро оғоз хоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 30, 2019 05:41 Asia/Dushanbe
  • Чиниҳо муҷаввизи истихроҷи ду кони тилои дигарро дар Тоҷикистон гирифтанд

Ширкати чинии ТВЕА имсол истихроҷи тило аз ду кони вогузоршуда ба ин ширкат дар шимоли Тоҷикистонро оғоз хоҳад кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, ин ширкати чинӣ дар ҳоли ба поён расонидани сохти корхонаи коркарди маъдани тило дар минтақаи Кумарғи Боло, дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст, ки заминаи истихроҷи маъданро дар нимаи дувуми имсол фароҳам месозад.

Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон ба ин ширкати чинӣ муҷаввизи истихроҷи тило аз кони Дуоба, дар ноҳияи Айнии вилояти Суғдро дода буд.

Гуфта мешавад, ки ширкати чинии ТВЕА то замони ҷуброни ҳазинаи молии хеш барои сохти маркази гармоишии Душанбе, дар пойтахти Тоҷикистон ба истихроҷи тило аз ду кон дар шимоли ин кишвар идома хоҳад дод.

Ҳазинаи сохти ин марказ 349 миллион доллар эълом шудааст, ки 17 миллиону 400 ҳазор доллари он саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ва бақияи манобеи молии ширкати чинии ТВЕА хоҳад буд.

Ба гуфтаи коршиносони ширкати чинии ТВЕА захоири шиносоишудаи тило дар ин ду кон беш аз 51 тон баровард шудааст, ки маҷмӯи захоири дар ҳоли баррасӣ ба беш аз 117 тон мерасад.

Дар Тоҷикистон 150 кони тило вуҷуд дорад, ки ба далоили мухталиф танҳо дар чанд кон имкони истихроҷи тило фароҳам аст.