Март 30, 2019 10:45 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи коршиноси умури энержӣ дар бораи маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон

Коршиноси умури энержӣ муътақид аст, далели аслии маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон коҳиши захоири оби садди нерӯгоҳи обии “Норак” ва фаъол набудани ниме аз турбинаҳои ин нерӯгоҳ аст.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, дар ҳоле, ки ба ғайр аз шаҳри Душанбе ва вилояти Бадахшон, акнун дар аксари манотиқи ин кишвар танҳо ҳашт соат дар шабонарӯз ба хонаҳои мардум барқ мунтақил мешавад, Камолиддин Сироҷиддинов гуфтааст, ки ба далели коҳиши захоири оби садди нерӯгоҳи обии “Норак” аз 9 турбинаи он панҷ турбина фаъол аст.

Ба ин тартиб, бузургтарин нерӯгоҳи обии Тоҷикистон бо зарфияти тавлиди се миллиард киловатт соат барқ дар сол акнун каме бештар аз як миллиарду 600 миллион киловатт соат барқ тавлид мекунад.

Ҳамчунин ба далели коҳиши оби вурудӣ ба садди нерӯгоҳи обии “Сангтӯда -1” ба ҷойи 670 миллион киловатт соат амалан 337 миллион киловатт соат барқ тавлид мешавад ва дар тамоми нерӯгоҳҳои барқӣ - обии Тоҷикистон коҳиши шадиди захоир об пушти садҳо эҳсос мешавад.

Аз сӯйи дигар, барои таъмини ниёзи бахши сохтусози нерӯгоҳи обии “Роғун” Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур аст барқи нерӯгоҳи “Норак” -ро ба ин манзур истифода кунад, ки ин масъала сабаби маҳдудияти барқ мешавад.

Мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”, ки наздик ба панҷ моҳ аз тавзеҳ додан дар бораи иллати маҳдудияти барқ худдорӣ мекарданд, ахиран эълом кардаанд, ки қарзи як миллиард сомонии бахши хонагӣ боиси маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои шаҳрвандон мешавад.

Илҳом Обидов, дабири Созмони ҳимоят аз ҳуқуқи масрафкунандагони Тоҷикистон бо интиқод аз ин мавзеи мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” аз онон пурсидааст, ки чаро ба ҷойи қатъи барқи муштаракони қарздор, дар сар то сари кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ кардаанд.

 

Барчасп