Апрел 03, 2019 20:44 Asia/Dushanbe
  •  Бонки Рушди Осиё хостори коҳиши қимати интернет дар Тоҷикистон шуд

Намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон хостори коҳиши қимати интернет дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши сомонаи Бонки Рушди Осиё, Прадип Сривастава гуфтааст, ки Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби коҳиши қимати интернет даромади калони молӣ касб кунад.

Вай таъкид кардааст, ки бо коҳиши қимати интернет ва осонсозии дастрасии шаҳрвандони худ ба ин шабака ва мушорикат додани бахши хусусӣ дар воридоти фанноварииҳои навин, Ҳукумати Тоҷикистон метавонад даромади молӣ ба маротиб болотар аз он чӣ ки бо афзоиши қимати интернет барномарезӣ кардааст, ба даст оварад.

Бар асоси дастури мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон ба ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернет дар ин кишвар, мебоист аз рӯзи 27 март қимати як гигабайт интернет аз 30 сомонии феълӣ бо эҳтисоби молиёт бар арзиши афзуда ба 63 сомонӣ мерасид, ки ин тасмим бо интиқоди шадиди корбарон дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд.

Эъломи афзоиши қимати истифода аз интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле буд, ки ин кишвар оғози имсол дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети телефони ҳамроҳ, яке аз чанд кишвари охири ҷаҳон буд ва мақоми садусивуҳафтумро ба худ ихтисос дод.

Аз сӯйи дигар, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ахири ҳукумати ин кишвар ба Азим Иброҳим, муовини нахуствазир дастур додааст, ки мавзӯи афзоиши қимати интернетро баррасӣ ва гузорише дар ин маврид ироа кунад.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир 15 то 20 дарсад аз ҷамъияти 9 миллиону 200 ҳазорнафарии Тоҷикистон аз интернет истифода мекунанд, аммо Ххадамоти алоқаи Тоҷикистон теъдоди корбарони интернетро дар ин кишвар се миллион нафар эълом кардааст.

 

Барчасп