Апрел 06, 2019 09:54 Asia/Dushanbe
  • Дархости мақоми тоҷик барои баррасии суқути ҷойгоҳи Тоҷикистон дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон баррасии мавзӯи суқути ҷойгоҳи кишвараш дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ аз нигоҳи фазои тиҷоратро хостор шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, Давлаталӣ Саид гуфтааст, ки бояд далелҳои суқути ҷойгоҳи Тоҷикистон дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ аз нигоҳи фазои тиҷорат мавриди арзёбии дақиқ қарор гирад ва барои ислоҳи ин вазъ тадбирандешӣ шавад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши хеш бо унвони “Фазои тиҷорат дар ҷаҳон”, Тоҷикистонро дар миёни 190 кишвари дунё дар ҷойгоҳи 126 қарор дод, ки дар муқоиса бо гузориши қаблии ин ниҳод се зина суқут кардааст.

Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки Тоҷикистон тайи солҳои ахир бар асоси 10 шохис дар 7 маврид ҷойгоҳаш коҳиш ёфтааст. Азҷумла дар мавриди сабти корхонаҳо ва ширкатҳо 3 зина, низоми молиётӣ 4 зина, амал кардан ба тааҳҳудот дар иҷрои созишномаҳо 7 зина, ҳимоят аз сармоягузорон 5 зина, дарёфти вомҳо ва эътибороти молӣ 2 зина, таъмини барқи мавриди ниёзи марокизи тиҷорӣ ва тавлиди 2 зина ва сабти амвол ва дороиҳои шаҳрвандони 1 зина суқут кардааст.

Аммо Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар нишаст бо масъулони иқтисодии кишвараш гуфтааст, ки яке аз омилҳои суқути ҷойгоҳи ин ҷумҳурӣ дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ аз нигоҳи фазои тиҷорат рақобати шадид дар минтақа барои ҷазби сармояи хориҷӣ аст.

Вай баррасии ин мавзуъ бо фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон ва омодасозии барномаи ислоҳоти густурдаи иқтисодӣ дар кишварашро хостор шудааст то заминаи беҳбуди ҷойгоҳи ин ҷумҳурӣ дар мавриди фазои тиҷорат фароҳам шавад.

 

Барчасп