Апрел 06, 2019 11:06 Asia/Dushanbe

Бозикунони эронии тими “Сипар” –и Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии Ҷоми дӯстӣ ба шиддат бо бозикунони ҳариф даргир шуданд.

Тими “Сипар” –и Тоҷикистон, ки аз бозикунони эронии бисёре баҳра мебарад, дар ҷоми бошгоҳӣ бо ҳузури тимҳое аз Осиёи Миёна ширкат кард.

Муҳаммад Ҳошимзода, Абулқосим Уруҷӣ, Ҳамид Аҳмадӣ, Муҳаммадризо Сангсафедӣ, Фарҳоди Фахим ва Заҳири Комёб дар тими “Сипар” бозӣ мекунанд.

Бозии ин тим дар марҳалаи ниманиҳоии мусобиқот бо ҳошияҳо ва ҷанҷол ҳамроҳ буд ва бозикунони ду тим бо якдигар даргир шуданд. Моҷаро аз ҷое шуруъ шуд, ки писари Заҳири Комёб дар канори замин машғули филмбардорӣ аз зарбаи пеналти буд, ки дарвозабони захираи тими муқобил ба якбора ба ӯ ҳамлавар мешавад.

Бозикунони эронӣ ҳам дар дифоъ аз писари Комёб бо бозикуни ҳариф даргир мешаванд. Ин даргирӣ ба муддати ним соат идома дошт ва бозӣ баъд аз таваққуфи тӯлонӣ аз сар гирифта шуд. Саҳнаҳои даргирии ин бозӣ дар расонаҳои Узбакистон, Тоҷикистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон бозтоби зиёде доштааст.

Тими “Сипар” ҳарчанд тавонист дар ин бозӣ ба бартарӣ бирасад, аммо дар финал бо шикасти сангин баробари намояндаи Узбакистон, аз расидан ба қаҳрамонӣ бозмонд.