Таъкиди раиси Парлумони Тоҷикистон бар муборизаи муштарак бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i42935-Таъкиди_раиси_Парлумони_Тоҷикистон_бар_муборизаи_муштарак_бо_таҳдидҳои_ҷаҳонӣ
Раиси Парлумони Тоҷикистон бо ишора ба густариши бесуботӣ дар ҷаҳон, кишварҳои ҷаҳонро ба муборизаи муштарак бо чолиш ва таҳдидоти ҷаҳонӣ даъват кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 08, 2019 17:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Парлумони Тоҷикистон бар муборизаи муштарак бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ

Раиси Парлумони Тоҷикистон бо ишора ба густариши бесуботӣ дар ҷаҳон, кишварҳои ҷаҳонро ба муборизаи муштарак бо чолиш ва таҳдидоти ҷаҳонӣ даъват кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шукурҷон Зуҳуров дар Маҷмаи ҷаҳонии иттиҳодияи байналмаҷолис, ки ба мизбонии Қатар дар Давҳа баргузор шуд, бо ибрози таассуф аз рушди бесобиқаи терроризм дар ҷаҳон гуфт, бесуботӣ ва рушди терроризм дар ҷаҳон дар ҳоли густариш аст ва ин таҳдидот пояҳои асосии назми ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалиро таҳдид мекунанд.

Раиси Парлумони Тоҷикистон афзуд, мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ ба хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил шудааст, ки балоё ва фаҷоеъи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқиро ба дунбол дорад.

Зуҳуров афзуд, табиист, ки ҳеҷ як аз кишварҳои ҷаҳон сарфи назар аз мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва қудрати низомӣ наметавонанд ба танҳоӣ дар баробари таҳдидҳои террористии дунёи муосир истодагӣ кунад.

Раиси Парлумони Тоҷикистон таъкид кард, мубориза бо ин падидаҳо ҳимоят аз низоми қонунгузорӣ, дар пеш гирифтани равишҳои ҷиддӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалиро зарурат мебахшад.

Зуҳуров гуфт, имрӯзҳо Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои минтақа хатари бузурги терроризмро барои амнияти миллии худ эҳсос мекунад.

Вай афзуд, вазъи сиёсӣ - низомӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон, ки дар қаламрави он гурӯҳҳои ифротӣ ва урдугоҳҳои террористҳо қарор доранд, ба таври қобили таваҷҷуҳе ҳассос шудааст ва вуруди террористҳои ДИИШ ба Афғонистон ва ҷиноёти мухталифи фаромиллӣ, азҷумла қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва қочоқи аслиҳа, ки яке аз манобеи таъмини молии созмонҳои террористӣ аст, муборизаро бисёр сахттар мекунад.

Зуҳуров гуфт, Тоҷикистон тарафдори низоми одилонаи ҷаҳонии бидуни ҷанг ва даргирӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ ва мушорикати баробар ва судманди тамоми кишварҳои ҷаҳон аз тариқи тавофуқ ва гуфтугӯи созанда бар асоси маншури Созмони Милали Муттаҳид аст.