Ташкили ситоди буҳрон дар Тоҷикистон дар пайи ҷорӣ шудани сел
Кумитаи шароити изтирории Тоҷикистон аз ташкили ситоди вижаи буҳрон ба манзури баррасии хисороти воридшуда бар асари боронҳои шадид ва вуқӯи сел дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асари бориши борони шадид на танҳо сокинони манотиқи кӯҳистонии ин кишвар зарар диданд, балки ҷодаҳои аслии шаҳри Душанбе низ зери об рафт ва тараддуд барои муддате ғайримумкин шуд.
Боронҳои шадид дар бархе навоҳӣ, азҷумла Ванҷ, Дарвоз, Темурмалик, Муъминобод, Восеъ, Ховалинг, Спитамен, Масчоҳ ва ҳамчунин шаҳрҳои Кӯлоб ва Панҷакенти Тоҷикистон муҷиби ҷорӣ шудани сел ва ворид омадани хисороте ба мардум шуд.
Ҳамчунин дар минтақаи Турсунзода бар асари борони шадид сатҳи рӯдхонаи Ширкент боло омад ва сел теъдоде аз хонаҳои сокинони маҳаллиро осеб зад.