Ҳукми 15 соли зиндон барои Наимҷон Самиев
(last modified 2019-04-09T13:05:30+00:00 )
Апрел 09, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми 15 соли зиндон барои Наимҷон Самиев

Наздикони Наимҷон Самиев, яке аз масъулони собиқи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд аз маҳкум шудани ӯ ба 15 соли зиндон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ба гуфтаи Абду Самиев, фарзанди Наимҷон Самиев, дар ҷаласаи дувуми муҳокимаи ӯ, ки пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи шумораи дуи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, падараш ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳи ифротии ҷиноӣ ва доштани силоҳу муҳимоти ғайримуҷоз ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.

Наимҷон Самиев, собиқ раиси шуъбаи вилоятии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шоми 30-юми ноябри соли 2018 дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Самиев ҳамонанди бештари фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ таҳти пайгарди қазоии мақомоти Тоҷикистон буд ва аз аввали соли 2015 ба таври нимапинҳонӣ дар Русия ба сар мебурд. Наимҷон Самиев аз соли 2005 то замони мамнӯъ шудани фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 узви Раёсати Олии ин ҳизб буда ва аз соли 2008 то 2013 ба унвони раиси шуъбаи вилоятӣ ва аз соли 2013 то авоили 2015 ба унвони раиси бахши ноҳиявии ин ҳизб дар Исфара фаъолият кардааст. Вай ба далели фаъолияти густурдаи сиёсияш дар Тоҷикистон қабл аз мамнӯъ шудани фаъолияти ҲНИТ таҳти фишор ва таъқиби шадид буд, то ин ки дар аввали соли 2015, яъне ҳашт моҳ қабл аз мамнуъ шудани фаъолияти ин ҳизб маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуд.

Наздикони Наимҷон Самиев гуфтаанд, ки иттиҳомоти ӯро беасос медонанд ва барои озодии ӯ талош хоҳанд кард.

 

Барчасп