Апрел 12, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Раёсати Анҷумани ҳамкориҳои амниятии Аврупо ба Тоҷикистон мунтақил шуд

Тоҷикистон барои аввалин бор раёсати Анҷумани ҳамкориҳои амниятии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар ӯҳда гирифт.

Нишасти ниҳоии Анҷумани ҳамкориҳои амниятии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баргузор шуд. Дар ин нишаст Клод Валид намояндаи доими Швейтсария дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар маросиме раёсати Анҷумани ҳамкории амниятии ин созмонро ба Идибек Қаландаров намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо таҳвил дод.

Ба ин тартиб Тоҷикистон дар моҳҳои май то августи соли ҷорӣ раёсати ин анҷуманро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Қаландаров зимни суханоне баъд аз қабули раёсати Анҷумани ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бар сатҳи болои баргузории ҷаласоти ин анҷуман ва ҳамчунин рӯйкарди созанда ва шаффофи раёсати Швейтсария таъкид ва тасмими Душанбе барои ҳифзи ин равандро таъйид кард.

Вай гуфт: Раёсати Тоҷикистон бар ҷазби таваҷҷуҳи ин анҷуман ба масоили муҳими амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин зарурати тақвияти ҳамкории Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо созмонҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид кард.

Таъкид шуд, ки дар чорчуби барномаи раёсатии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Анҷумани ҳамкори амниятӣ ва шӯрои доими Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар мавриди гуфтумони сохторӣ роҳандозӣ мешавад, ки дар ҷараёни он ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бар зарурати анҷоми иқдомоти муштарак дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар фазои ин созмон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

 

Барчасп