Ҳукумати Тоҷикистон нархи интернетро афзоиш дод
Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои хадамоти интернетӣ дар ин кишвар дастур додааст, ки фармони афзоиши нархи интернетро бидуни қайду шарт иҷро кунанд.
Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, бо вуҷуди эътирози корбарон ва ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ба дастури хадамоти зидди инҳисории ин кишвар дар бораи афзоиши нархи интернет акнун бо фармони ҳукумати ин тарҳ иҷроӣ шуд.
Бар асоси ин дастур нархи як гегабайт интернет дар Тоҷикистон бидуни андоз ба 63 сомонӣ (муодили 6 доллар) расид.
Ин нарх қабл аз қиматшудани интернет 30 то 35 сомонӣ буд.
Нархи интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле афзоиш меёбад, ки ин кишвар оғози имсол дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети тилифони ҳамроҳ, охирин кишвари ҷаҳон буд ва мақоми саду сию ҳафтумро ба худ ихтисос дод. Ҳамчунин бо иҷрои шудани ин дастур нархи як дақиқа муколимаи тилифонӣ аз хориҷ бо Тоҷикистон ба 94 дирам (баробар бо 10 сент) ва нархи як дақиқа муколимаи тилифонӣ аз дохил ба хориҷи ин кишвар ба як сомонӣ мерасад. 9 ширкати хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон дарёфти дастури афзоиши нархи интернетро таъид ва эълом кардаанд, ки чорае ҷуз пайравӣ аз ин фармон надоранд.
Бино бар дастури Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон нархи интернет дар ин ҷумҳурӣ бояд аз 27 март афзоиш меёфт, вале вокуниши шадиди корбарон дар дохил ва хориҷ сабаб шуд, ки ҳукумати ин кишвар бо эъломи зарурати баррасии ин тарҳ иҷрои онро муддате ба таъвиқ андозад.