75 дарсади пахтаи Тоҷикистон хом фурӯхта мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43063-75_дарсади_пахтаи_Тоҷикистон_хом_фурӯхта_мешавад
75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба шакли хом ва бо қимати ночиз ба хориҷ фурӯхта мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 14, 2019 11:04 Asia/Dushanbe
  • 75 дарсади пахтаи Тоҷикистон хом фурӯхта мешавад

75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба шакли хом ва бо қимати ночиз ба хориҷ фурӯхта мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи TajWeek, Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кардааст, ки фақат 25 дарсад пахтаи тавлидии ин кишвар коркард мешавад.

Ҳамчунин Кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон аз содироти 111 ҳазор тонна пахта дар соли 2018 хабар дод, ки қимати ҳар тоннаи он дар бозори ҷаҳонӣ 1700$ аст ва ин дар ҳолест, ки ширкатҳои миёнарав ҳар тонна пахтаро аз кишоварзони тоҷик ба қимати 500$ мехаранд.

Дар Тоҷикистон аз соли 2015 барномаи рушди коркарди пахта ва фаровариҳои он иҷро шуда, вале ин кишвар то ба ҳол аз ҳадафҳои таъиншуда дар ин замина ақиб мондааст.

Иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки иллати аслии иҷро нашудани ин барнома мухолифати гурӯҳҳое аст, ки манофеи худро дар хомфурӯшии пахта ба хориҷ мебинанд.

Ба гуфтаи Умаров, дар сурати коркарди пахта дар дохили кишвар метавон миллионҳо доллар ба даст овард зеро аз пахта метавон беш аз 150 навъ маҳсул шомили либос, равғани наботӣ, рӯпӯши гарм, коғаз, наворҳои видеоӣ, пластика,кунҷора, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра тавлид кард.

Бо ин ҳол набуди барномаи ҳимояти давлат аз кишт ва бардошти пахта, гарон будани қимати сӯхт, нуриҳои минералӣ (куди шимиёӣ) ва мошинолоти кишоварзӣ мӯҷиб шудааст, ки кишоварзони тоҷик кор дар Русияро бар тавлиди ин маҳсули муҳими содиротӣ дар кишвари худ тарҷеҳ диҳанд.