Номаи саркушодаи устодони адабиёти форсӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
(last modified Sun, 14 Apr 2019 09:25:13 GMT )
Апрел 14, 2019 14:25 Asia/Dushanbe
  • Номаи саркушодаи устодони адабиёти форсӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гурӯҳе аз устодони эронии забон ва адабиёти форсӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар номаи саркушодае ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва раисон ва намояндагони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ин кишвар ба расмият шинохтани номи забони форсӣ ва бозгашт ба хатти форсӣ ба Тоҷикистонро хостор шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сойти Анҷумани Порсӣ, гурӯҳе аз устодони забони форсии узви Созмони байналмилалӣ ва мардумниҳоди Порсӣ Анҷуман бо ирсоли номаи саркушодае ба раисҷумҳур, раисон ва намояндагони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ин кишвар ва аъзои Парлумони Тоҷикистон ба расмият шинохтани забони форсиро дар ин кишвар хостор шуданд.

Дар ин нома таъкид шудааст, ки то соли 1925 забони мардуми Фарорӯд форсӣ будааст ва аз Рӯдакӣ то Айнӣ ба ин забон навиштаанд.

Ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ки барои посдошти ваҳдати миллии Тоҷикистон, рушди худшиносии миллӣ ва сарбаландии тоҷикон, ҳифзи мероси маънавӣ, тадовуми боландагӣ, густариши шукуфоӣ ва мушорикат дар ифтихороти фарҳангии форсигӯёни ҷаҳон, номи дуруст ва ростини забони тоҷикон, ки порсӣ аст, ба расмият шинохта шавад.

Аввалин бор дар соли 1989 ва даврони ҳукумати Шӯравӣ, ҳангоми тасвиби қонуни забони расмии Тоҷикистон дар Парлумони вақти ин кишвар номи расмии забони тоҷикон, форсии тоҷикӣ унвон шуд, ки баъдҳо ба тоҷикӣ тағйир ёфт.

Ҳамчунин бояд дар давраи 10-сола аз соли 1995 дар тамоми мактабҳои ин кишвар тадриси хатти форсӣ оғоз мешуд, аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ ин барнома амалӣ нашуд.