Пешбинии коҳиши теъдоди корбарони Интернет дар Тоҷикистон
Раиси Созмони ғайри давлатии ибтикори интернетии ҷомеъаи маданӣ дар Тоҷикистон муътақид аст бо афзоиши нархи Интернет дар кишвар теъдоди корбарон ба шиддат коҳиш хоҳад ёфт.
Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Муҳаммадӣ Ибдолуллоев гуфтааст, ки бо ин иқдоми ҳукумат дар соли равон, шоҳиди поин омадани 5 дарсадии теъдоди корбарон хоҳем буд, ки Тоҷикистонро ба 15 сол қабл боз хоҳад гардонд.
Вай таъкид мекунад аз ин пас дар Тоҷикистон истифода аз Интернет ба унвони колои гаронқимате арзёбӣ хоҳад шуд, ки танҳо афроди сарватманд метавонанд ба он дастрасӣ дошта бошад. Ду соли қабл ҳам дар Тоҷикистон ба масдуд кардани паёмрасони NGN иқдом карданд, ки ба далели арзон будан корбарони зиёде дошт, аммо аксари корбарони ин паёмрасон барои истифода аз Вайбер, ВотсАпп, Имо ва Телеграм вориди ин шабакаҳо шуданд ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз даромади молии калон маҳрум шуд.
Ба гуфтаи раиси Созмони ғайри давлатии ибтикори интернетии ҷомеъаи маданӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ширкатҳои байналмиллалии хадамоти нави интернетӣ вориди бозор мешаванд ва таи 10 соли оянда заминаи истифодаи роягон аз Интернетро фароҳам хоҳанд кард ва мо аз пешрафти технологиҳои нав ба шидаат ақиб хоҳем монд.
Бар асоси дастури нави ҳукумати Тоҷикистон нархи як гегабайт Интернет дар Тоҷикистон бо ҳисоб кардани андоз ба 63 сомонӣ (баробари 6 доллар) расид, ки пештар 30 то 35 сомонӣ буд. Ҳамчунин нархи як дақиқа муколимаи телефони ҳамроҳ дар тамосҳои дохилӣ ва хориҷӣ низ афзоиш ёфтааст, ки аз дидгоҳи корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ бо вазъи иқтисодии мардуми Тоҷикистон созгорӣ надорад.
Бар ин асос нархи як дақиқа муколима бо кишварҳои хориҷӣ аз 2 сомонӣ ва 25 дирам то 4 сомонӣ ва 80 дирам расидааст.