Апрел 17, 2019 21:12 Asia/Dushanbe
  • Дидори Путин ва Раҳмон дар Маскав

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ дар Маскав ба сар мебарад, имрӯз бо Владимир Путин, ҳамтои руси хеш дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Раҳмон ва Путин қабл аз дидор ва гуфтугӯ дар ҳузури ҳайатҳои ду кишвар, як соат пушти дарҳои баста музокира кардаанд.

Ду раисҷумҳур сипас дар ҳузури хабарнигорон натоиҷи музокироти дуҷонибаро тавзеҳ доданд.

Раҳмон ва Путин бо ибрози қаноатмандӣ аз сатҳи 1 миллиарддолларии муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия дар соли 2018, бар зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодии Душанбе ва Маскав таъкид карданд.

Дар ин дидор роҷеъ ба ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, фаннӣ ва низомӣ, муҳоҷират, омӯзишӣ ва фарҳангиву гардишгарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия баҳсу табодули назар шуд.

Гуфтанӣ аст, дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва 80 минтақаи Русия ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ барқарор шудааст.

Ҳамчунин дар бораи авзои амниятии минтақа ва ба вижа марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон, зарурати тақвияти ҳамкориҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноии фароминтақаӣ баҳсу табодули назар шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои руси худ дархост кардааст, ки барои афви коргарони муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷик аз қаламрави Русия мусоидат кунад.

 

Барчасп