Робитаи афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон ва ҳифозат аз чашмони корбарон
(last modified Thu, 18 Apr 2019 03:54:13 GMT )
Апрел 18, 2019 08:54 Asia/Dushanbe
  • Робитаи афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон ва ҳифозат аз чашмони корбарон

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муътақид аст афзоиши нархи Интернет дар ин кишвар муҷиби ҳифозат аз чашмони корбарон мешавад.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Илҳом Атоев дар вокуниш ба эътирозоти густарда ба афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин иқдом барои ҳифзи саломатии насли ҷавон бисёр муҳим аст.

Вай иддао кардааст, ки ҷавонон ба таври мудовим аз телефонҳои ҳамроҳи худ истифода мекунанд ва бо вуруд ба фазои маҷозӣ аз он хориҷ намешаванд. Аз ин ру бо афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон ин ашхос аз ин дарди сар наҷот меёбанд ва ба фикри ҳифзи саломатиашон хоҳанд буд.

Дастури ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афзоиши нархи Интернет дар ин кишвар аз рӯзи панҷшанбе 18 апрел соли равон иҷрои хоҳад шуд.

Бар асоси дастури нави ҳукумати Тоҷикистон нархи як гегабайт Интернет дар ин кишвар бо эҳтисоби андоз ба 63 сомонӣ (баробар бо 6 доллар) расид, ки қаблан 30 то 35 сомонӣ буд. Ҳамчунин нархи як дақиқа муколимаҳои телефони ҳамроҳ дар тамосҳои дохилӣ ва хориҷӣ низ афзоиш ёфтааст, ки аз дидгоҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо вазъи иқтисодии мардуми Тоҷикистон созгорӣ надорад.

Бар ин асос нархи як дақиқиа муколима бо кишварҳои хориҷӣ аз 2 сомонӣ ва 25 дирам то 4 сомонӣ ва 80 дирам расидааст.

Ин иқдом бо эътирози густардаи корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ру ба ру шудааст.