Нигаронии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохт нашудани пули барқ дар шаҳри Душанбе
(last modified Mon, 22 Apr 2019 05:18:05 GMT )
Апрел 22, 2019 10:18 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохт нашудани пули барқ дар шаҳри Душанбе

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохт нашудани ба мавқеъи пули барқи масрафӣ дар пойтахти ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон таи суханоне дар маросими ифтитоҳи амфитеатр дар боғи Абулқосими Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар пойтахти Тоҷикистон исрофи барқ ва пардохт нашудани пули барқи масрафӣ аз сӯи бахши хонагӣ боиси нигаронӣ аст.

Вай пардохти ба мавқеъи пули барқи масрафӣ ва сарфаҷӯӣ  дар ин бахшро хостор шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом кард, карзҳои молии ширкати давлатии Барқи тоҷик дар ҳоли ҳозир ба 23 миллиард ва 100 миллион сомонӣ ( муъодили 2 миллиард ва 500 миллион доллар) расидааст, ки бузургтарин қарздори молӣ дар ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Қарзи молии ин ширкат ба ду нерӯгоҳи барқи обии Сангтудаи 1 ва 2 зиёда аз 1 миллиард сомонӣ эълом шудааст.

Созмонҳои молии байналмиллалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардаанд, ки бо ислоҳи сохтори ширкати давлатии Барқи тоҷик се ҷамъияти саҳомии тавлиди барқ, шабакаи интиқоли барқ ва шабакаи тавзеъи барқ таъсис кунад.

Аз сӯи дигар Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки мардуми Тоҷикистон аз 9 то 14 дарсад аз даромади худро ҳазинаи барқи масрафӣ мекунанд, ки дар минтақаи Осиёи марказӣ ва Аврупо болотарин шохис ба шумор меояд.

Аммо мақомоти ширкати давлатии Барқи тоҷик мудаъианд, ки қарзи бахши хонагӣ бобати барқи масрафӣ ба ин ширкат ба 1 миллиард сомонӣ мерасад, ки муҷиби афзоиши қарзи молӣ ва эҷоди мушкилот дар фаъолияти ин ниҳод мешавад.