Апрел 22, 2019 17:52 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Шри-Ланка

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба ҳамтои шриланкаии худ, ҳамалоти террористии ахир дар ин кишварро маҳкум ва бо давлат ва миллати Шри-Ланка ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши сомонаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Майтрипала Сирисена, бо ишора ба кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз мардум бар асари инфиҷорҳои террористӣ дар кишвари Шри-Ланка, ин амали бераҳмона ва ғайриинсониро маҳкум ва бар зарурати муборизаи ҳамагонӣ алайҳи терроризм ва ифротгароӣ таъкид кардааст.

Раҳмон ҳамчунин бо ибрози ҳамдардӣ ва изҳори таслият ба наздикон ва бастагони қурбониён, барои ҳамаи осебдегони ин ҳаводис орзуи шифои оҷил кардааст.

Бар асари инфиҷорҳои паёпай, ҳамзамон бо ҷашни Иди Поки масеҳиён дар бархе аз калисоҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳри Коломбо, пойтахти Шри-Ланка, беш аз 290 тан кушта ва 500 нафар захмӣ шуданд, ки ҳоли баъзе аз онҳо вахим аст.

 

Барчасп