Хабаргузории “Ховар” дар манотиқе аз Аврупо баста шуд
(last modified Mon, 22 Apr 2019 14:06:49 GMT )
Апрел 22, 2019 19:06 Asia/Dushanbe
  • Хабаргузории “Ховар” дар манотиқе аз Аврупо баста шуд

Сомонаи хабаргузории давлатии “Ховар” – и Тоҷикистон дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ баста шуда ва ширкати “Гугл хром” иллати ин иқдомро мулоҳизоти амниятӣ унвон кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, акнун дар Олмон, Австрия, Чехия ва теъдоде аз кишварҳои аврупоӣ хабаргузории давлатии “Ховар” - и Тоҷикистон, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабӣ матолиби худро мунташир мекунад, аз дастрас хориҷ шудааст.

Ширкати “Гугл хром” дар тавзеҳи ин рӯйдод барномаҳои истифодашуда барои таъмини амнияти хабаргузории “Ховар” -ро дар баробари ҳамалоти ҳакери осебпазир арзёбӣ ва эълом кардааст, ки ҳакерҳо метавонанд бо вуруд ба сомонаи хабаргузории “Ховар”, иттилооти хусусии корбаронро сирқат кунанд.

Ин ширкат таъкид кардааст, ки дар оянда бо рафъи мулоҳизоти амниятӣ ва коҳиши таъсирпазирии сомонаи хабаргузории давлатии “Ховар” – и Тоҷикистон аз ҳамалоти ҳакери, имкони истифодаи дубора аз ин хабаргузорӣ фароҳам хоҳад шуд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” -и Тоҷикистон қадимитарин хабаргузории ин кишвар аст , ки дар даврони ҳукумати Шӯравӣ таъсис шудааст ва ба 5 забон матлаб мунташир мекунад.