Таъмини 60 дарсадии барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низом вазифа дар Тоҷикистон
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низом вазифа дар ин кишвар 60 дарсад иҷроӣ шудааст.
Ба нақл аз сомонаи Тоҷик Та, сарҳанги дуввум Ориф Нозимиён гуфт, то рӯзи 22 апрели соли равон барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низом вазифа дар Тоҷикистон 60 дарсад таъмин шудааст.
Ба гуфтаи вай, дар вилояти Хатлон ин барнома 54 дарсад, Суғд 55 дарсад, вилояти Бадахшон 106 дарсад, шаҳри Душанбе 65 дарсад ва ноҳияҳои марказии Тоҷикистон 56 дарсад иҷроӣ шудааст. Бар асоси қавонони Тоҷикистон ҷавононе, ки синни онон байни 18 то 27 сол аст ва муъофияти ҳуқуқӣ надоранд воҷиди шароити низом вазифа ба ҳисоб меоянд.
Теъдоди ин ашхос дар Тоҷикистон 600 ҳазор нафар аст, ки ду бор дар ҳар сол дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ ба хидмати низом вазифа ҷазб мешаванд.
Ба гуфтаи мақомоти масъул, дар ин кишвар ҳамасола 15 то 16 ҳазор нафар аз ҷавонони воҷиди шароит бояд барои хидмат дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷазб шаванд, аммо ба далели набуди шароити матлуби маъишатӣ ва ахлоқӣ, вуҷуди хушунат ва беназмӣ дар воҳидҳои низомӣ, ки муҷиби маълул ва кушта шудани сарбозони ҷавон мешавад теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик рафтан барои кор ба Русияро бар хидмати низом вазифа арҷаҳият медиҳанд. Аз ин ру кормандони ниҳодҳои хидмати низом вазифа ва полис ба боздошт ва эъзоми иҷбории ҷавонон ба неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом мекунанд, ки ба мушкили ҷиддӣ барои ин кишвар табдил шудааст.