Шеъри шоири тоҷик барандаи ҷоизаи "Килки заррин"-и Афғонистон шуд
Вазорати фарҳанг ва иттилооти Афғонистон шеъри Озар Салим, шоири муосири Тоҷикистонро барандаи озмуни "Килки заррин" муаррифӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи "Ахбор", дар озмуни беҳтарин шеъри имсол, ки аз сӯи Вазорати фарҳанг ва иттилоооти Афғонистон баргузор шуд, шеъри "Модар фаришта буд" аз Озар Салим, шоири муосири Тоҷикистон баранда шуд.
Масъулони Вазорати фарҳанг ва иттилооти Афғонистон ҷоизаи ин озмунро ба намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Кобул таҳвил додаанд, то ба шоир Озар Салим эъто шавад.
Ба гуфтаи мунтақидони адабӣ, шеъри "Модар фаришта буд"-и Озар Салим, шоири муосири Тоҷикистон яке аз беҳтарин намунаҳои ашъори солҳои ахир дар васфи модар ба шумор меравад.
Ба он даҳҳо овозхони тоҷик, аз ҷумла Афзалшоҳи Шодӣ, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Эркин Одинаев, гуруҳи "Сорбон”, Содиқ Холов, Фаридуни Хуршед ва Хосияти Зарафшонӣ оҳанг бастаанд.
МОДАР ФАРИШТА БУД...
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт.
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки Модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри"видоъ эй писар" надошт...
Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.