Апрел 26, 2019 17:40 Asia/Dushanbe
  • 3700 доллар – ҳазинаи ҳаҷҷи фарзии ҳар зоири тоҷик

Кумитаи умури динии Тоҷикистон қимати сафари ҳаҷҷи фарзии имсолро 3 ҳазору 725 доллар барои ҳар зоир эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Кумитаи умури динии Тоҷикистон эълом кард, қимати «Ҳаҷ-2019» барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 35 ҳазору 128 сомонӣ таъйин шуда, ки шомили ҳазинаи билети рафту баргашт, иқомат дар Макка ва Мадина, ғизо ва пардохти хадамоти роҳнамоист. Ҳамчунин ин маблағ шомили хариди гӯсфанди қурбонӣ, ҳазинаи ҳамлу нақл дар масирҳо, хадамоти ширкатҳои маҳаллӣ, хадамоти пизишкӣ ва соири ҳазинаҳои ҷонибӣ аст.

Соли гузашта ҳазинаи ҳаҷҷи фарзӣ дар Тоҷикистон барои ҳар нафар 33 ҳазору 410 сомонӣ эълом шуд ва беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои маносики ҳаҷ озими Макка шуд.