Апрел 26, 2019 18:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сарони Тоҷикистону Ветнам бар тавсеаи равобити дуҷониба

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Ветнам дар ҳошияи дувумин Ҳамоиши байналималилии «Як камарбанд, як роҳ» дар Пекин дидор ва дар бораи равобити ду кишвар баҳсу табодули назар карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Нгуен Суон Фук, нахуствазири Ветнам густариши ҳамкории миёни ду кишварро хостор шуданд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Ветнам ҳамчунин бар зарурати имзои мувофиқатномаҳои ҳамкорӣ дар заминаҳои беҳдошт, омӯзишу парвариш, кишоварзӣ, мухобирот, варзиш ва илмию фарҳангӣ таъкид карданд.

Дувумин Маҷмаи ҳамкории байналмилалии "Як камарбанд, як роҳ" аз рӯзи панҷшанбе оғоз шудааст ва ба муддати се рӯз идома меёбад. Раҳбарони 37 кишвар, дабири кулли Созмони Милал, мудири кулли Созмони Сандуқи Байналмилалии Пул ва панҷ ҳазор намоянда аз дигар кишварҳо дар ин маҷмаъ ширкат доранд.

 

Барчасп