Мамнуияти иқомаи намози ҷумъа дар ноҳияи Нуробод
Нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон раиси ноҳияи Нуробод, дар шарқи ин кишвар иқомаи намози ҷумъаро мамнуъ кардааст.
Ба гузориши сомонаи «Ахбор», Ҳасан Дӯстзода эълом кардааст, ки то иҷрои комили барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низомӣ, ҳеҷ кас дар ноҳияи Нуробод ҳақ надорад намози ҷумъаро иқома кунад.
Ба дастури раиси ноҳияи Нуробод, намозгузорон дар масҷиди марказии ин ноҳия ҳангоме, ки худро барои иқомаи намоз омода мекарданд, аз масҷид ихроҷ шудаанд.
Сомонаи «Ахбор» таъкид кардааст, ки ин иқдом дар таърихи Тоҷикистон бесобиқа аст ва ҳатто дар даврони 70 соли ҳукумати моддигароии ҷабрии коммунистӣ иқомаи намози ҷумъа мамнуъ нашуда буд.
Манобеи маҳаллӣ эълом кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба зудӣ қарор аст барои боздид аз ноҳияи Нуробод ба ин минтақа сафар кунад ва Ҳасан Дӯстзода, раиси ин ноҳия мехоҳад дар сафари ӯ аз барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низомӣ гузориши комиле ироа диҳад.
Набуди шароити матлуби маишатӣ ва ахлоқӣ ва хушунату беназмӣ дар воҳидҳои низомӣ, ки муҷиби маълул ва кушта шудани сарбозони ҷавон мешавад, сабаб шудааст теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик рафтан барои кор ба Русияро бар хидмати низомӣ тарҷеҳ диҳанд.
Чанд рӯз қабл сарҳанги дувум Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низомӣ дар ин кишвар 60 дарсад иҷро шудааст.