Мудири собиқи ширкати Тоҷик Эйр озод шуд
Мудири собиқи ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр, ки дар боздошт ба сар мебурд ба шарти хориҷ нашудан аз маҳалли сукунаташ озод шудасст.
Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Хайрулло Раҳимов мудири собиқи ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр набояд то поёни таҳқиқоти парванда аз муҳити зисташ хориҷ шавад.
Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон чанде пеш алайҳи Хайруллоҳ Раҳимов ба иттиҳоми ихтилос ва амалкарди хориҷ аз ҳудуди ихтиёрот, ки муҷиби бурузи паёмадҳои ногувор барои ин шаркати ҳавопаймоӣ шудааст парванда ташкил доданд.
Дар паи ин руйдод, ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр авохири соли 2018 тамомии парвозҳои худ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистонро мутаваққиф кард ва Хайруллоҳ Раҳимов низ аз симаташ барканор шуд.
Ҳамчунин раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дода буд, ки мавзӯъи харидории як ҳавопаймои Боинг 767 қиматтар аз нархи воқеии онро аз суйи ин ширкат ва санадсозӣ дар ин мавридро бозрасӣ кунад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, равшан шудани моҷарои се моҳ пардохт нашудани маоши кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳаққи истифода аз фурудгоҳи Душанбе ва қарзи молии он ба ширкати воҳиди сухтрасон дар фурудгоҳҳоро хостор шуд.
Гуфта мешавад кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон муддаъианд, ки дар паи баррасии фаолиятҳои Хайрулло Раҳимов дар симати мудирияти ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр мушаххас шуда, ки вай 374 ҳазор доллар ба ин ширкат хасорат ворид кардааст.
Истифода аз 200 ҳазор доллар даромади молии ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр барои масорифи шахсӣ аз дигар иттиҳомоти Раҳимов аст.
Ҳамакнун бо вуҷуди интисоби фарди наве ба симати мудирияти ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр ҳануз парвозҳои ин ширкат аз сар гирифта нашудааст.