Апрел 28, 2019 10:25 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар пардохти ҳуқуқи омӯзгорони фаннии нерӯгоҳи Роғун

Як гуруҳ аз омӯзгорони омӯзишгоҳи фаннӣ ва ҳирфаии вобаста ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун гуфтаанд, ки аз чаҳор моҳ пеш ҳуқуқ нагирифтаанд.

Ба нақл аз сомонаи Топ ТҶ, ин омӯзишгоҳ бо ҳадафи тарбияти нерӯи мутахассис барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун эҷод шудааст ва ҳуқуқи омӯзгоронаш аз ҳисоби ҷамъияти саҳомии ин нерӯгоҳ таъмин мешавад.

Самаруддин Яъқубов мудири ин омӯзишгоҳ низ шикояти омӯзгоронро таъид карда ва гуфтааст, ки ҳалли ин мушкил ба таъмини манобеъи молӣ аз сӯи ҷамъияти саҳомии нерӯгоҳи барқи обии Роғун бастагӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки мудирияти нерӯгоҳи Роғун дар посух ба ин пурсиш гуфтааст, ки бояд дархостҳо катбӣ ироа шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохти ин нерӯгоҳ имсол аз будҷети давлат наздик ба 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (муодили 222 миллион доллар) ихтисос додааст.

Аммо ба назар мерасад, ки барои идомаи сохту соз дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳукумати Тоҷикистон ниёз ба ҷазби сармоя аз хориҷ дорад ва ба ҳамин манзур кумаки Бонки ҷаҳониро хостор шудааст.