Модари фарди маҳкум ба зиндон ба иттиҳоми терроризм иддаои додгоҳро рад мекунад
(last modified Mon, 29 Apr 2019 05:43:06 GMT )
Апрел 29, 2019 10:43 Asia/Dushanbe
  • Модари фарди маҳкум ба зиндон ба иттиҳоми терроризм иддаои додгоҳро рад мекунад

Модари Орзу Саидалиеви 23 сола сокини ноҳияи Фархор дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, ифротигарӣ, талош барои анҷоми амалиёти террористӣ ба 20 сол зиндон маҳкум шуд, муътақид аст, ки фарзандаш бегуноҳ аст.

Ба нақл аз сомонаи Топ ТҶ, хонуми Санавбар Пирназарова гуфтааст, ки пас аз эъломи ҳукми додгоҳ бо писараш ҳарф зада ва муътақид аст, ки фарзандаш бегуноҳ аст.

Аммо мақомоти додгоҳи шаҳри Душанбе муддаъӣ ҳастанд, ки Орзу Саидалиев ҳангоми ҳузур дар қаламрави Қазоқистон ба унвони коргари муҳоҷир бо мубалиғони  гурӯҳи террористии ДИИШ иртибот барқарор карда ва ба Абубакри Бағдодӣ саркардаи ин созмон савганди вафодорӣ ёд кардааст.

Ин мақомот мегуянд вай ба дастури Абу Усомаи Норакӣ террористи машҳури ДИИШ қасди таркондани сохтмони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистонро дошт, ки боздошт ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд. Аз ин рӯ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо бо аъзои гурӯҳи ДИИШ аз ҷумла Абу Усомаи Норакӣ муколима доштааст.

Орзу Саидалиев эътироф кардааст, ки афроде бо вай тамос гирифта ва анҷоми амалиёт дар сохтмони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистонро хостор шудаанд, ки бо вуҷуди ризояти шафоҳӣ ҳаргиз барои ин кор иқдом накардааст.

Вай, ки дар тобистони соли 2018 барои дармон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон омада буд, пас аз муддате ба иттиҳоми омодасозии амалиёти террористӣ ва ҳамла ба сохтмони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шуд ва акнун бояд  давраи маҳкумияти 20 солаи худро дар зиндон бигзаронад.

Гуфта мешавад, ки се бародари Орзу Саидалиев низ ба ҳамроҳи вай боздошт шудаанд, ки ду нафар аз онон баъдан озод ва писари хоҳараш ба иттиҳоми пинҳон кардани тарҳи омодасозии ҳамла ба сохтмони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба як сол зиндон макум шудааст.