Апрел 29, 2019 20:24 Asia/Dushanbe
  • Заминларза дар марзи Тоҷикистон бо Чин

Соати 05: 23 дақиқаи субҳи имрӯз, 29 апрел дар марзи миёни Тоҷикистону Чин заминларза рух дод.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Созмони зилзиланигории байналмилалӣ хабар додааст, ки субҳи 29 апрел, соати 05: 23 дақиқа дар марзи вилояти мухтори Уйғури Чин бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон як заминларзаи шадид рух додааст. Шиддати ин заминларзаро аз 4,8 то 5,2 дараҷаи риштери ҳисоб кардаанд.

Дар бораи хисороти ин офати табиӣ то ҳанӯз гузорише нашудааст.

Ба иттилои расадхонаи ларзанигории Ҳонгконг низ, субҳи 29 апрел дар вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин, дар наздикии марз бо Тоҷикистон заминларзаи шадид рух додааст. Ин маркази зилзиланигорӣ шиддати ин офати табииро 5,2 дараҷаи риштерӣ ва марказашро дар 90-километрии шаҳри Кошғар донистааст.

Марказҳои зилзиланигории Аврупо низ рух додани заминларза дар марзи Тоҷикистону Чинро таъйид кардаанд, вале шиддати онро 4,8 балл баровард карда, гуфтаанд, ки ларзиши заминро на фақат дар Чину Тоҷикистон, балки дар Қирғизистон низ эҳсос кардаанд.

Тоҷикистон дар минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст ва ҳар сол дар ин кишвар беш аз 800 заминларзаи шиддаташ аз 1,5 дараҷа ба боло сабт мешавад.

 

Барчасп