Май 04, 2019 16:26 Asia/Dushanbe
  • Тақдими рӯнавишти устуворномаи сафири Тоҷикистон ба вазири хориҷаи Эрон

Низомиддин Шамсиддинзода Зоҳидӣ, сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Теҳрон рӯзи шанбе рӯнавишти устуворномаи худро ба Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон тақдим кард.

Низомиддин Шамсиддинзода Зоҳидӣ, сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Теҳрон ҷойгузини Неъматуллоҳ Имомзода шуд.

Вай пеш аз ин ҷонишини вазири хориҷаи Тоҷикистон будааст.

Неъматуллоҳ Имомзода се моҳ пеш бознишаста шуд ва ба Душанбе бозгашт.

Image Caption

 

Равобити Теҳрон - Душанбе аз замони истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 бо ба расмият шинохтани истиқлоли ин кишвар аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шудааст.

Image Caption

 

Барчасп