Май 04, 2019 19:36 Asia/Dushanbe
  • “Овои танбӯр” аз Тоҷикистон барандаи ҷашнвораи байналмилалии “Вориш” дар Эрон

Коргардони тоҷикистонӣ ҷоизаи “Беҳтарин филми достонӣ” -и нуҳумин ҷашнвораи байналмилалии филми “Вореш” дар Эронро аз они худ кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар маросими поёнии ин ҷашнвораи байналмилалии дусолона (дар ду сол як бор)-и филми “Вориш” (ба маънии бориш ё борон), ҷоизаи беҳтарин филми достонии бахши байналмилал ба филми “Овои танбӯр” ба коргардон Аниса Собирӣ аз Тоҷикистон тааллуқ гирифт.

Дар ин ҷашнвора, ки аз бистунуҳуми апрел дар шаҳри Бобили устони Мозандарон дар ҳоли баргузорӣ буд, “Теорияи ғуруб” ба коргардонии Роман Соколов аз Русия низ ҷоизаи “Беҳтарин анимейшен” (пӯёнамоӣ) -ро касб кард.

Ҳамчунин ҳайати доварони бахши байналмилали ин ҷашнвора ҷоизаи “Беҳтарин филми мустанад” -ро ба таври муштарак ба филмҳои “13 километр” ва “Каҳкашон чӣ қадр бузург аст”, асари ҳунармандон аз Қазоқистон ва Русия эҳдо карданд.

Ҷоизаи вижаи ҳайати доварон ҳам ба Алии Хушдунии Фароҳонӣ аз Эрон барои филми “Таклиф” эҳдо шуд.