Мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон аз нигоҳи коршиноси муқими Русия
(last modified Mon, 06 May 2019 04:02:49 GMT )
Май 06, 2019 09:02 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон аз нигоҳи коршиноси муқими Русия

Корманди Фарҳангистони улуми Русия муътақид аст, набуди саноеъи тавлидии матлуб, вобастагӣ ба воридот аз Чин,Русия, Қазоқистон ва Узбакистон, поин будани дониши тахасусии неруи корие,ки ба хориҷ муҳоҷират мекунад ва ғайри қобили пешбинӣ будани мизони андози пардохтӣ аз умдатарин мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, хонуми Зарина Додобоева гуфтааст, Ҳукумати Тоҷикистон таи солҳои ахир талоши зиёде мекунад,ки ҳар чӣ бештар аз хориҷ қарз дарёфт  намояд.

 Танҳо дар соли 2017 ба манзури такмили сохти неругоҳи Барқи обии Роғун Ҳукумати Тоҷикистон ба фуруши саҳоми молии ин неругоҳ дар хориҷ иқдом кард,ки аз ин ҳисоб 500 миллион доллар ба даст овард. Аммо ин маблағ мизони қарзҳои хориҷии ин кишварро то 2 миллиард ва 900 миллион доллар афзоиш дод.

 Дар ҳоли ҳозир 1 миллиард ва 300 миллион доллар ё 40 дар сад аз кули қарзҳои хориҷии Тоҷикистон мутаалиқ ба Бонки содирот ва воридоти Чин аст.

Ба гуфтаи Додобоева акнун мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунанд,ки аз Русия, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо қарзҳои бештари молӣ дарёфт кунад,ки муҷиби афзоиши қарзҳои хориҷии Душанбе хоҳад шуд.

Вай таъкид  мекунад барои рушди иқтисоди Тоҷикистон бояд аз зарфияти бахшҳои саноеъи кишоварзии ин кишвар истифода шавад,ки барои ин манзур анҷоми ислоҳот дар низоми андоз ва эътои тасҳилот ба бахши хусусӣ,ки дар шароити сахте қарор дорад аз муҳимтарин иқдомҳое аст,ки метавонад заминаи иштиғолзоӣ дар дохили ин кишварро фароҳам кунад.