Май 06, 2019 19:41 Asia/Dushanbe
  • Як шаҳрванди Тоҷикистон дар миёни қурбониёни оташсӯзии ҳавопаймои русӣ

Мақомоти дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ҷон бохтани як шаҳрванди ин кишварро дар ҳодисаи оташсӯзии ҳавопаймои SSJ-100 (Сухой Суперҷет - 100) - и Русия дар фурудгоҳи Шереметова, дар шимоли ғарби Маскав таъйид карданд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия эълом кардааст, ки дар миёни ҷонбохтагони ҳодисаи оташсӯзии ҳавопаймои русӣ Фатҳиддин Қурбонбекзодаи 28 сола, сокини ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон шиносоӣ шудааст.

Ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадов, Фатҳиддин Қурбонбекзода тобеияти Русияро низ доштааст.

Сухангӯи дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҳамчунин аз тамосҳояш бо хонаводаи ин шаҳрванди тоҷикистонӣ ва омодагӣ барои интиқоли ҷасади вай ба зодгоҳаш хабар дод.

Ҳавопаймои мусофирбарии Сухой Суперҷет – 100 - и русӣ асри якшанбе, ҳангоми парвоз дар масири Маскав ба Мурманский, дар шимоли Русия дучори мушкили фаннӣ шуд ва ба самти Маскав бозгашт, аммо ҳангоми фуруди изтирорӣ оташ гирифт.

Манобеи русӣ бомдоди душанбе аз афзоиши шумори ҷонбохтагони ҳодисаи оташсӯзии ҳавопаймои русӣ дар фурудгоҳи Шереметова дар шимоли ғарби Маскав ба 41 тан хабар доданд.

Ба гуфтаи мақомоти русӣ, 37 нафар аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар бурданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Владимир Путин, ҳамтои русии худ, ҷон бохтани шаҳрвандони ин кишвар дар ҳодисаи оташсӯзии ҳавопаймои Сухой Суперҷет – 100 - ро таслият гуфтааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон сониҳаи оташсӯзии ҳавопаймои мусофирбарии Русияро ба давлат ва мардуми ин кишвар таслият гуфт ва бо хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ кард.

 

Барчасп