Намоиши “Фирдавсӣ” дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 07 May 2019 16:49:46 GMT )
Май 07, 2019 21:49 Asia/Dushanbe
  • Намоиши “Фирдавсӣ” дар Тоҷикистон

Намоише бо мавзӯи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо ҳузури сафири Эрон дар Тоҷикистон ва ҷамъи зиёде аз тоҷику эрониёни муқим дар шаҳри Душанбе иҷро шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳошияи ин маросим гуфт, Фирдавсӣ таърихи ниёкони Эрон буда ва боиси истеҳкому иттиҳоди ақвом шудааст. Собирӣ бо ишора ба номгузории 25-уми урдибиҳишт (15-уми май) ба номи Рӯзи Фирдавсӣ дар тақвими Эрон афзуд, ин намоиши зебо ва ҳунармандона адои эҳтироме ба Фирдавсии бузург аз тарафи тоҷикони ҳамзабону ҳамфарҳанг аст.

Пеш аз оғози намоиш Ортиқ Қодир, ҳунарманди шаҳири тоҷик зимни арзи хайрамақадам ба меҳмонону алоқамандони Ҳакими Тӯс ва ҳамчунин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфт, нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон намоише дар мавриди Фирдавсии бузург бар асоси достони «Шоҳнома» ва романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода, нависандаи номошнои тоҷик таҳия шудааст.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯcӣ, шоири ҳамосасарои форсу тоҷик сарояндаи “Шоҳнома” аст. Бархе Фирдавсиро бузургтарин сарояндаи порсигӯ донистаанд.