Таъсиси ду ниҳоди нави назоратӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 08 May 2019 04:49:19 GMT )
Май 08, 2019 09:49 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси ду ниҳоди нави назоратӣ дар Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ҳукумати ин кишварро барои идғоми ҳафт идора ва таъсиси ду ниҳоди нави назоратӣ тасвиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Taj Week, Кумитаи давлатии таъмини амнияти озуқаворӣ ва Хадамоти давлатии назорати беҳдоштӣ ва таъмини иҷтимоӣ ду ниҳоди нав ҳастанд, ки дар пайи идғоми ҳафт идора таъсис шудаанд.

Кумитаи давлатии таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон бо идғоми идораҳои назорат бар амрози гиёҳӣ, домӣ, донҳои кишоварзӣ ва карантини маҳсулот таъсис шудааст, ки қаблан зермаҷмӯаҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон будаанд.

Фаррух Ҳамроҳализода, раиси Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тарҳ дар Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом фароҳам кардани заминаи коҳиши таҳқиқ  аз фаъолиятҳои бахши хусусӣ аст.

Дар пайи шикояти фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон аз зиёд будани теъдоди идораҳои давлатӣ ва таҳқиқу тафаҳҳус дар ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастури коҳиши теъдоди ин созмонҳоро содир кард.