Маҳкумияти зиндон барои 12 тоҷик ба иттиҳоми ифротигарӣ
Додгоҳе дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон 12 нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикро, ки аз Русия ва Қазоқистон ба кишварашон баргашта буданд ба иттиҳоми ифротигарӣ ба 5 то 8 сол зиндон маҳкум кард.
Ба нақл аз сомонаи Топ-ТҶ, муҳокимаи ин ашхос дар боздоштгоҳи рақами 1 шаҳри Душанбе бидуни ҳузури аъзои хонавода ва хабарнигорони пушти дарҳои баста баргузор шуд ва онҳо ба иттиҳоми мусоҳиба бо радиои интернетии "Зила" ва дифоъ аз афкори гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ аз ҷумла ДИИШ ҳар як ба 5 то 8 сол зиндон маҳкум шуданд.
Сафарбек Нурализода додраси ин парванда бо таиди эъломи ҳукми маҳкумияти ин 12 нафар гуфтааст, ки 6 нафари дигар низ ба иттиҳоми иттилоъ надодан ба мақомоти амнитӣ ва интизомӣ ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шуданд.
Вай, Қосим Ғиёсов як шаҳрванди Тоҷикистонро таблиғгари гуруҳи террористии ДИИШ медонад, ки муҷиб шудааст ин теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷик таҳти таъсири андешаҳои ин созмони такфирӣ қарор гиранд. Дар ҳоли ҳозир Қосим Ғиёсов дар Қазоқистон ба иттиҳоми афкори гуруҳи террористии ДИИШ дар боздошт ба сар мебарад ва ба наздикӣ муҳокима хоҳад шуд.
Аммо волидайни ин ашхос ҳукми маҳкумияти фарзандони худро ғайримунсифона унвон кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин ашхос дар замони муҳоҷират дар Русия ва Қазоқистон бо радиои интернетии "Зила", ки алайҳи ҳукумати Тоҷикистон барнома пахш мекунад мусоҳиба анҷом додаанд.
Мақомоти қазоии Тоҷикистон мегуянд, ки аз соли 2015 то кунун беш аз 1 ҳазору 400 шаҳрванди ин кишвар баиттиҳоми мушорикат дар фаолияти гуруҳи террористӣ ва ифротӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.