Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи низоми бонкии Тоҷикистон
(last modified Fri, 10 May 2019 15:22:00 GMT )
Май 10, 2019 20:22 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи низоми бонкии Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба далели коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо, аз низоми бонкии ин кишвар ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо кормандони Вазорати молия, Кумитаи давлатии гумрук ва Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки фаъолияти номатлуби бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътиборӣ мӯҷиб шудааст, ки эътимоди мардум ба низоми бонкии Тоҷикистон ба шиддат коҳиш ёбад.

Вай такид кардааст, ки дар соли 2014 ва замони оғози бӯҳрони молӣ дар Тоҷикистон 137 муассисаи молӣ ва эътиборӣ дар ин кишвар фаъолият мекард,  ки акнун ин теъдод ба 79 марказ боқӣ монда ва бақия варшикаст шудаанд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди кӯмаки молии ҳукумат ба ду бонки бӯҳронзадаи Содирот ва Сармоягузории кишоварзӣ, вазъи молии ин ду ниҳод беҳбуд наёфта, баръакс вахимтар низ шудааст.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон танҳо дар мавриди бонки Сармоягузории кишоварзӣ алайҳи 60 нафар корманди ин бонк ба иттиҳоми ихтилоси 40 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.