Май 11, 2019 21:02 Asia/Dushanbe
  • Номаи коргарони корхонаи куди шимиёии Вахш ба раисҷумҳури Тоҷикистон

240 нафар аз коргарони танҳо корхонаи куди шимиёии Вахш дар вилояти Хатлони Тоҷикистон бо ирсоли номае ба Эмомалӣ раҳмон раис ҷумҳури Тоҷикистон мусоидат вайро барои дарёфт ҳуқуқ ва дастмуздҳои ақиб афтода худ хостор шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, дар ин нома таъкид шудааст, ки беш аз 3 сол аст, ки коргарони ин корхона маош ва дастмузде нагирифтаанд ва ин иқдом нақзи қонуни кор ва ҳуқуқи онон аст.

Ин коргарон муддаиянд, ки ҷамъи маоши ақибафтодаи онон акнун ба ду миллиону 500 ҳазор сомонӣ расидааст.

Мушкили дастмузди коргарони ин корхона замоне оғоз шуд, ки дар моҳи сентябри соли 2016 саҳҳоми молии ин маркази тавлидиро ширкати чинии “Ҳенон Чжун Я” харидорӣ кард ва дар созишномаи ин ширкат бо Ҳукумати Тоҷикистон таъкид шудааст, ки тарафи чинӣ ҳеҷ масъулияте барои қарзҳо ва дигар тааҳҳудоти молии қаблии ин корхона надорад.

Аз ин рӯ, ба эътирофи Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон, пардохти маош ва дастмуздҳои коргарони корхонаи мазкур бар ӯҳдаи ҳукумати ин кишвар аст.

Дар соли 2001 Дмитрий Фирташ, сармоягузори украинӣ 75 дарсад аз саҳми молии ин корхонаро харид, аммо дар соли 2009 ба далели қатъи гази содиротии Узбакистон фаъолияти корхонаи куди шимиёӣ ё азоти Вахш мутаваққиф шуд ва дар соли 2014 Додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми вогузории ғайриқонунии ин маркази тавлидӣ ба Дмитрий Фирташ, ҳукми мусодираи ин корхонаро содир кард.

Акнун ширкати чинии “Ҳенон Чжун Я” мутааҳҳид шудааст бо ҳазинаи 350 миллион доллар, бозсозии таҷҳизоти ин корхонаро ба поён расонад.

 Корхонаи куди шимиёӣ ё азоти Вахш замоне беш аз ҳазор коргар дошт ва маҳсулоти он ба кишварҳои хориҷӣ содир мешуд.