Май 12, 2019 09:19 Asia/Dushanbe
  • Тадвини роҳбурди нави бахши беҳдошти Тоҷикистон то соли 2030

Вазорати тандурустӣ ва таъмини иҷтимоии Тоҷикистон аз таҳияи барномаи рушди роҳбурдии ин вазоратхона то соли 2030 хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Шурои байниидораии ҳамоҳангии ин вазоратхона эълом карда, ки дар тадвини ин барнома ҳамчунин коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт мушорикат хаоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар соли 2018 сокинони ин кишвар барои дармон ба пизишкон хориҷ аз муқаррароти тасвибшуда 300 миллион доллар пардохт кардаанд, ки муъомилоти ғайриқонунӣ ба ҳисоб меояд. Аз ин ру чанде пеш Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни тахаллуфоти идорӣ муҷозоти кормандони бахшҳои дармонӣ ва беҳдоштӣ ва дорухонаҳои ин кишварро ташдид кард.

Бар асоси ин ислоҳия кормандони қонуншикани бахшҳои беҳдошт ва дармон ва дорухонаҳои Тоҷикистон ба иттиҳоми саҳлингорӣ дар иҷрои вазифаҳо, воридот ва фуруши доруҳои ғайри стандард ва доруҳое, ки таърихи масрафи онҳо тамом шудааст, маҷбур ба пардохти ҷаримаи молӣ ба маблағи 2 ҳазору 500 сомонӣ то 5 ҳазор сомонӣ хоҳанд шуд.

Барои мақомоти қонуншикан ҷаримаи молӣ ба мизони 7 ҳазору 500 сомонӣ ва то 10 ҳазор сомонӣ дар назар гирифта шудааст.

Аз сӯи дигар барои кормандони бахши беҳдошт ва дармон, ки ба вазифаҳои ҳирфаӣ ва масъулияти хеш амал намекунанд муҷозоти маҳкумияти зиндон ба муддати 5 то 8 сол пешбинӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо интиқод аз фаолияти мароқизи дандонпизишкӣ муҷозоти қонуншиканон ба иттиҳоми риоят накардани меъёрҳои беҳдоштиро, ки муҷиби густариши бемориҳои уфунатӣ мешавад, хостор шуда буд.