Дастури Раҳмон барои ислоҳи қонуни андоз
(last modified Mon, 13 May 2019 04:51:46 GMT )
Май 13, 2019 09:51 Asia/Dushanbe
  • Дастури Раҳмон барои ислоҳи қонуни андоз

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод бо ислоҳи қонуни андоз дар ин кишвар,мизони андози дарёфтӣ ҳамчунин теъдоди кормандони соҳаи андоз коҳиш ёбанд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо кормандони Вазорати молия, Кумитаи давлатии андоз,хадамоти давлатии гумрук ва Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст,ки бо роҳандозии низоми нави андоз ва пардохтҳо,бояд мизони андози дарёфтӣ ва теъдоди кормандони ин бахш коҳиш ёбанд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон,Насруллоҳ Давлатзода раиси кумитаи давлатии андози ин кишвар ҳамвора мавзуъи зарурати афзоиши теъдоди кормандони ин ниҳодро матраҳ мекунад.

Вай барои шарҳи ин дархост муддаъӣ аст,ки тайи бист соли ахир мизони буҷаи Ҳукумати ин кишвар аз 400 миллион сомонӣ ба 24 миллиард сомонӣ расида ва барои ҷамъоварии андоз бояд теъдоди кормандони ин бахш афзоиш ёбад. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон бояд бо таҳияи тарҳи қонуни нави андоз заминаи коҳиши мизони андози дарёфтӣ ва теъдоди кормандони ин бахшро фароҳам созад.

Эмомалӣ Раҳмон аз шаклгирии фарҳанги талош барои ворид шудан ба Сохторҳои молиёт ва гумрук дар миёни ҷавонон ба шидат интиқод карда ва гуфтааст довтвлабони истихдомӣ замоне,ки наметавонанд кори мавриди ниёзро пайдо кунанд, дар ниҳодҳои андоз ва гумрук саф меистанд.