Май 13, 2019 10:45 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон; дорои болотарин мизони талафоти ҷоддаӣ дар Осиёи Марказӣ

Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард; Тоҷикистон аз нигоҳи талафоти сокинони ин кишвар дар ҳодисаҳои ронандагӣ мақоми нахустро дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дорад.

Ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи , ин сомон эълом карда аст,ки мизони солонаи маргу мири ноши аз ҳодисаҳои ронандагӣ дар Тоҷикистон 19 нафар аз сад ҳазор нафар ҷамъият аст,ки шохиси нигарон кунандае ба ҳисоб меояд.

Бар ин асос танҳо дар соли 2018 дар Тоҷикистон бар асари ҳодисаи ронандагӣ наздик ба 2 ҳазор нафар кушта шуданд,ки аз ин лиҳоз метавон ин кишвар ро бо Русия ва Чин муқоиса кард.

Манбаъҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муътақиданд, аксари ин ҳодисаҳо натиҷаи риоя накардани қонунҳои роҳнамоии ронандагӣ аз  суи мардум ва ронандагон будааст.

Ба гуфтаи ин мақомот,53 дар сади ин ҳодисаҳо дар паи суръати ғайри муҷози ронандагони васоили нақлия рух медиҳад. Як севвум аз ин ҳодисаҳо низ ноши аз берун рафтан аз масир аст,ки муҷиби рӯ ба рӯ шудан ва бархурди худравҳо дар хатҳои мухолиф мешавад.

Намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон муътақиданд,барои коҳиши талафоти ҷодаӣ дар ин кишвар бояд нархи ҷаримаҳо афзоиш ёбад.

Дар ҳоли ҳозир пулис,ронандагони мухталифро барои набастани камарбанди еминӣ 15 сомонӣ ( муодили 1 доллару 50 сент ) ҷарима мекунад. Мизони ҷаримаи молии суръати ғайри муҷоз низ 50 сомонӣ ( муодили 5 доллар ) аст.

Ҷамшед Муртазозода намояндаи парлумони Тоҷикистон муътақид аст, акнун замони афзоиши мизони ҷаримаи молии ронандагони мухталиф дар ин кишвар фаро расидаст то аз ин тариқ, ҳодисаҳои маргбор дар  роҳҳо коҳиш ёбад.

Аз суи дигар Нуриддин Қурайшибоев раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон мегуяд, танҳо бо афзоиши мизони ҷаримаи молӣ ронандагони мухталиф наметавонанд заминаи коҳиши ҳодисаҳои ҷодаиро фароҳам кард; чаро,ки намояндагони ҷомиъаи мадании Тоҷикистон медонанд дар мавриди бархурд бо ронандагони мухталиф адолати иҷтимоӣ мурооат намешавад. Борҳо низ мушоҳида шуда пулис ронандагонеро,ки бо мақомоти ҳукуматӣ муртабит будаанд дар бештари мавридҳо аз муҷозот маъоф кардааст вале бо афрди оддӣ ба шиддат бархур мекунаад ва ҷаримаҳои сангини молӣ барои онон эъмол иешава.