Душанбе, мезбони нахустин ҷашнвораи фарҳанги донишҷӯёни хориҷӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43747-Душанбе_мезбони_нахустин_ҷашнвораи_фарҳанги_донишҷӯёни_хориҷӣ
Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз баргузории нахустин ҷашнвораи фарҳанги донишҷӯёни хориҷӣ охирҳои май дар шаҳри Душанбе хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 14, 2019 09:35 Asia/Dushanbe
  • Душанбе, мезбони нахустин ҷашнвораи фарҳанги донишҷӯёни хориҷӣ

Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз баргузории нахустин ҷашнвораи фарҳанги донишҷӯёни хориҷӣ охирҳои май дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, мубтакири ин ҷашнвора, ки ҳадаф аз он ҳамбастагӣ ва иттиҳоди ҷавонони ҷаҳон унвон шуда, Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мебошад.

Дар ин ҷашнвора донишҷӯёни кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат ва барномаҳои фарҳангии худ аз ҷумла мусиқии бумии худро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Ҷашнвораи фарҳанги донишҷӯёни хориҷӣ дар чорчуби рӯзи ҷавонони  Тоҷикистон баргузор мешавад, ки аз соли 1997 ҳар сол 23 май баргузор мешавад.