Май 14, 2019 10:21 Asia/Dushanbe
  • Соли 2021 поёни сохти бахши тоҷикистонии хатти КАСА-1000

Вазорати энержӣ ва захираҳои Тоҷикистон эълом кард сохти бахши тоҷикистонии хатти КАСА-1000 дар соли 2021 ба поён хоҳад расид.

 Ба нақл аз сайти Ка-Нюз, ба далели тулонишудани интихоби ширкатҳои хориҷии барандаи кори сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон, замони баҳрабардорӣ аз бахши тоҷикистонии ин хат авохири соли 2021 хоҳад буд.

Дар ҳоли ҳозир сохти истгоҳҳои барқи фишори боло барои интиқоли барқ аз ду неругоҳи барқ обии Сангтӯдаи 1 ва 2 Тоҷикистон ба Нушаҳри Покистон бо истифода аз қаламрави Афғонистон ба ширкатҳои шведӣ  ва ҳиндӣ вогузор шудааст.

Ҳазинаи сохти бахши тоҷикистонии ин тарҳ 314 миллион доллар мебошад.

Тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба КАСА-1000 як тарҳи минтақаӣ аст, ки бозори харид ва фуруши барқ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо кишварҳои ҷануби шарқи Осиё ба вуҷуд меоварад.

Бо иҷрои ин тарҳ дар фасли тобистон барқи зоитии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил хоҳад шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба панҷ миллиард  киловат соат барқро аз тариқи хатти КАСА-1000  ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2021 ба баҳрабардорӣ бирасад беш аз як миллиард доллар баровард шуда, ки 314 миллион доллари он ба Тоҷикистон, 209 миллион доллар ба Қирғизистон, 354 миллион доллар ба Афғонистон ва 209 миллион ба Покистон муртабит аст.

Барои иҷрои бахши тоҷикии ин тарҳи Бонки ҷаҳонӣ 45 миллион доллар, Бонки бозсозӣ ва тавсеъаи Аврупо 110 миллион доллар, Бонки исломии тавсеъа 70 миллион доллар ихтисос медиҳанд.

Маросими оғози сохти  тарҳи КАСА-1000 бо ҳузури сарони кишварҳои шарик дар ин прожа рӯзи 12 май соли 2016 дар шаҳри Тӯрсунзодаи Тоҷикистон баргузор шуда буд.