Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Чин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43785-Рӯзҳои_фарҳангии_Тоҷикистон_дар_Чин
Чин аз имрӯз ба муддати як ҳафта мизбони рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 15, 2019 17:34 Asia/Dushanbe
  • Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Чин

Чин аз имрӯз ба муддати як ҳафта мизбони рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кард, рӯзҳои фарҳангии ин кишвар дар Чин аз 15 то 22 –юми май баргузор мешавад.

Сарпарастии ҳайати ҳунармандони тоҷикии ширкаткунанда дар ин барномаи фарҳангиро Обидҷон Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Дар чорчӯби ин барнома ҳунармандони тоҷик 20 –уми май дар салони консерти Кумитаи радио ва телевизиони шаҳри Сиани вилояти Шенсии Чин ба рӯйи саҳна мераванд.

Намоишгоҳҳои ҳунарҳои зебо ва саноеи дастӣ, акс ва рӯзҳои синамои тоҷик аз дигар бахшҳои ин барномаи фарҳангӣ аст.