Май 17, 2019 17:43 Asia/Dushanbe
  • Музокироти мақомоти Тоҷикистону Ироқ дар бораи бозмондагони тоҷиктабори ДИИШ

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва муовини вазири хориҷии Ироқ дар бораи бозгашти тоҷиктаборони боқимонда дар гурӯҳи террористии ДИИШ аз Ироқ ба кишваршон табодули назар карданд.

Ба гузориши “Тасним”, Сироҷиддини Меҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Ҳазим Аҳмад Маҳмуд Алюсуфӣ, муовини вазири умури хориҷии Ироқ рӯзи ҷумъа дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон омодагии худро барои бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ироқ ба ДИИШ пайвастаанд, эълом карданд.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, 43 модари тоҷик бо 95 кӯдаки ҳамроҳ ҳамчунон дар Ироқ ба сар мебаранд. 84 кӯдаки тоҷик 30-юми апрел аз Бағдод ба Душанбе мунтақил шуда буданд.

Бар асосии гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳудуди 1900 шаҳрванди ин кишвар аз соли 2014 барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористие назири ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ин кишварро тарк кардаанд. То кунун садҳо нафар аз бозмондагони тоҷиктабори ДИИШ дар амалиёти нерӯҳои мусаллаҳ Ироқ ва Сурия дастгир ва ба урдӯгоҳҳои вижаи мунтақил шудаанд.

 

Барчасп