Нопадид шудани як муҳоҷири тоҷик дар Русия
Як муҳоҷири тоҷики зодаи шаҳри Душанбе 6 рӯз пеш дар Русия нопадид шудааст.
Ин хабарро Шаҳлои Наҷмиддин, рӯзноманигори тоҷик дар сафҳаи шахсияш дар шабакаи “Фейсбук” мунташир карда ва навиштааст, Азиз Қурбонови 33-сола рӯзи 11-уми май аз манзилаш дар маркази шаҳри Маскав, пойтахти Русия озими маҳалли кораш дар як қаҳвахона мешавад ва аз он рӯз то кунун нопайдост.
Ҳамсола беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори доимӣ ё мавсимӣ роҳии Русия мешаванд. Теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ин афрод дар Русия бо ҳаводиси ногуворе чун одамрабоӣ, латукӯб ва куштор тавассути полису гурӯҳҳои нажодпараст мувоҷеҳ мешаванд. Ҳамчунин ҳамасола беш аз 600-700 ҷасади тоҷикистонии фавтида аз Русия ба Тоҷикистон мунтақил мешавад.