Дидори Раҳмон бо мақомоти ширкаткунанда дар ҳамоиши байналмилалии зиддитеррористӣ дар Душанбе
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақаии мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, манобеи молии ин созмонҳо, қочоқи маводи муҳаддир ва ҷиноёти созмонёфта” дар шаҳри Душанбе бо мақомоти ширкаткунанда дар ин ҳамоиш дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дабири кулли Созмони Ҳамкори Шанхай, вузарои умури хориҷии Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон мавзӯъҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, манобеи молии ин созмонҳо, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфтаро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар дидорҳои Раҳмон бо Владимир Воронков, Владимир Норов, Салоҳуддин Раббонӣ, Абдулазиз Комилов ва Чингиз Ҳайдарбеков роҷеъ ба муносиботи дуҷониба, муборизаи муштарак бо терроризм, манобеи молии ин созмонҳо, қочоқи маводи мухаддиру ҷиноёти созмонёфта баҳсу табодули назар шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон тайи суханоне дар ин нишаст таъкид кардааст, ки барои муборизаи муассир бо терроризм набояд аз меъёрҳои дугона истифода кард. Аз дидгоҳи вай, ҷудо кардани террористҳо ба худӣ ва бегона, миёнарав ва ифротӣ ва неку бад кори иштибоҳ мебошад. Ӯ бо ишора бо ҳаводиси террористии ахир дар Зеландияи Нав, Афғонистон ва Шриланка гуфтааст, ки терроризм миллат ва мазҳаб намешиносад.
Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақаии мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, манобеи молии ин созмонҳо, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфта” дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони 50 кишвари мухталиф ва 37 созмони байналмилалӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.