Май 18, 2019 09:20 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти 9 корманди зиндони Хуҷанд ба иттиҳоми саҳлнигорӣ дар шуриши соли гузашта

9 корманди зиндони шумораи 3 шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми саҳлнигорӣ дар шуриши моҳи ноябри соли гузашта ба зиндон маҳкум шуданд.

Ба нақл аз сомонаи Осиё Плус, додгоҳи муҳокимаи авомили шуриши шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони шумораи 3 шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд,9 корманди ин марказро ба иттиҳоми саҳлнигорӣ дар иҷроии вазифаҳои хеш аз 2 сол ва 6 моҳ то 4 сол ба зиндон маҳкум кард.

Ҳукми ин афрод бидуни ҳузури расонаҳои хабарӣ ва наздиконашон пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи шумораи 2 шаҳри Хуҷанд аз суи додгоҳ содир шуд.

 Ин додгоҳ дар ҳоли баррасии иттиҳоми 30 зиндонии гумонбар дар шуриши зиндони шумораи 3 шаҳри Хуҷанд аст,ки ҳукми онон низ рӯзҳои наздик эълом хоҳад шуд.

Мақомоти додситонии куллӣ Тоҷикистон  қаблан  эълом карда буданд,ки дар ин ҳодиса 21 зиндонӣ ва ду корманди ин зиндон кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шудаанд.

Ин мақомот муддаъианд саркардаҳои ошуб,ки дар зиндони Хуҷанд ба ҷурмҳои терорристӣ ва ифротгароӣ маҳкум шуда буданд, кормандони зиндонро ба шакли фаҷиъе ба қатл расонданд.

Дар паи ошуб дар зиндони шумораи 3 шаҳри Хуҷанд Иззатуллоҳ Шарифзода, раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23 ноябри соли 2018 пас аз 12 соли фаъолият дар симмат  ва чанд масъули дигар аз мақомҳояшон барканор шуданд.

 Шиддати саркуб ва теъдоди зиёди қурбониёни шуриш дар зиндони шумораи 3 шаҳри Хуҷанд муҷиб шуд,ки ин ҳодиса ба таври ҳамаҷониба ва мунсифона баррасӣ шавад.

 Шуриши хунини шаби 7 ноябри соли2018 дар зиндони шумораи 3 шаҳри Хуҷанд пурқурбонитарин ҳодиса дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.