Афзоиши 3 баробарии воридоти Тоҷикистон нисбат ба содирот
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43843-Афзоиши_3_баробарии_воридоти_Тоҷикистон_нисбат_ба_содирот
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом кард; таи 4 моҳи нахусти соли ҷорӣ аз ин ҷумҳурӣ 319 миллион доллар маҳсулот содир ва беш аз 1 миллиард доллар коло ворид шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 18, 2019 10:40 Asia/Dushanbe
  •  Афзоиши 3 баробарии воридоти Тоҷикистон нисбат ба содирот

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом кард; таи 4 моҳи нахусти соли ҷорӣ аз ин ҷумҳурӣ 319 миллион доллар маҳсулот содир ва беш аз 1 миллиард доллар коло ворид шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, Тоҷикистон таи ин муддат аз Русия 31 ва 7 даҳуми дар сад,Қазоқистон 21 ва ним дар сад ва Чин 15 ва 7 даҳуми дар сад маҳсулот ворид кардааст,ки муҳимтарин шарикони тиҷории ин кишвар ба ҳисоб меоянд.

Дар ин муддат аз 319 миллион доллар маҳсулоти содиротии Тоҷикистон 27 ва ним дарсад ба Туркия, 18 ва ним дар сад ба Қазоқистон ва бақия ба Узбакистон ва Суис будааст.

Аз ақломи муҳими содиротии Тоҷикистон ба хориҷ метавон ба алуминий, пахта, сангҳои қиматбаҳо ва меваи хушк ишора кард.

Аз суи дигар коршиносон, афзоиши тавозуни содирот ва воридот банафъи воридотро омили аслии навсоноти арзӣ дар ин кишвар унвон мекунанд; чаро,ки аз маҷмуъи 1 миллиард ва 300 миллион доллар муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таи чор моҳи нахусти соли ҷорӣ,1миллиард воридот ва наздик ба 319 миллион доллар содирот будааст.

Афзоиши се баробарии воридот бар содирот дар Тоҷикистон муҷиб шуда,ки ахиран барои бори нахуст аз соли 2003 арзиши сомонӣ воҳиди пули миллии Тоҷикистон дар баробари доллар дар бозори ғайри расмӣ ба 10 сомонӣ бирасад.