Май 20, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Интишори феҳристи номи куштаҳои зиндони “Роҳатӣ”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон феҳристи 29 зиндонии кушташуда дар саркӯби ошӯби зиндони “Роҳатӣ” - ро мунташир кард.

Ба гузориши сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, синни зиндониёни қурбонии ин ҳодиса беш аз 21 сол буда ва 17 нафар аз онон ба узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ муттаҳам будаанд.

Гуфта мешавад, ки номи теъдоде аз аъзои созмонҳои мамнуаи ифротие назири Ансоруллоҳ, Ҳизби таҳрир ва Ҳизби исломии Туркистон низ дар миёни кушташудагон вуҷуд дорад.

Дар ин феҳрист номи 3 нафар аз аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуаи наҳзати исломӣ низ мушоҳида мешавад, ки Махдуми Абдусаттор, саршиностарини онон ва узви раёсати олии ин ҳизб будааст.

Гуфта мешавад, ки Махдуми Абдусаттор қасди миёнҷигарӣ байни зиндониёни ошӯбгар ва маъмуронро дошта, вале аз сӯйи зиндониён ба шакли фоҷеаборе ба қатл расидааст.

Вай дар соли 2015 ба иттиҳоми иртибот бо шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон боздошт ва дар соли 2016 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар ҳамин ҳол раёсати олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуаи наҳзати исломӣ бо интишори баёнияе мушорикати созмонҳои байналмилалӣ, азҷумла “Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ” ва намояндагони ҷомеаи маданиро дар раванди баррасии илал ва авомили бурузи ошӯб дар зиндони “Роҳатӣ” хостор шудааст.

Пеш аз ин Идораи зиндонҳои Тоҷикистон бо интишор баёнияе аз Беҳрӯзи Гулмурод, фарзанди сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар соли 2015 ба гурӯҳи ДИИШ пайвастааст ва Фахриддин Гулов, Муҳаммадуллоҳ Шарифов ва Рӯҳуллоҳ Ҳасанов ба унвони саркардагони ин ошӯб ва аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ ёд карда буд.

 Дар ин ҳодиса ба кушта шудани 29 зиндонӣ, 3 корманди зиндон ва боздошти 35 нафари дигар ишора шудааст.

 

Барчасп